Пулҳои дарбеҳу фарсудашуда ва рақамҳои дигардошта, ки аз даст ба даст мегарданду ҳини муомилот нофаҳмӣ ва баҳсу мунозираҳои тарафайнро ба вуҷуд меоваранд, рӯз аз рӯз зиёд мешаванд.  Шояд гап дар сари фарҳанги истофодабарии асъори миллӣ аз ҷониби шаҳрвандон бошад, ё тарҳи наве барои пул андештда шавад, то ҳангоми гардиш аз осеб эмин монад.

Дизайн, аз ҷумла, ранг, бандубаст, ҳуруф ва тасвирҳои пули миллӣ рӯнамои фарҳанги миллат буда метавонанд, аммо дар ҳолати дарбеҳу фарсудагӣ қарор доштани он сокинонро ба чӣ ҳол мувоҷеҳ месозад?

Холаи Малоҳат дар растаи нонфурӯшони бозари “Садбарг” нон мефурӯшад, шикоят кард, ки аксаран ҳангоми харидани нон ба вай пулҳои фарсуда медиҳанд, аммо бақияи фарсударо намегиранд.

— Нофаҳмӣ дар савдо бисёр мешавад, —  шиква кард холаи Малоҳат, — фурӯшандаҳо коргари бонк нестанд, ки барои бақия фақат пулҳои шараққосӣ диҳанд, он пулеро медиҳанд, ки аз дасти худи мардум гирифтаанд.

Ду тан аз пулчинакҳои хатсайри мусофирбари шаҳри Хуҷанд, дар тақвияти фикри ҳамдигар афзуданд, ки мусофирон дар гирифтани пули фарсуда гарданкашӣ мекунанд, ҳол он ки ин пулҳои кӯҳна аз худашон меояд.

— Маҷбурем, ки аз тангҳо истифода барем, аммо баъзан пулҳои калонтар кор мефармоем, ки хеле фарсуда шудаанд, дар ҳамин ҳолат байни мову мусофирон баҳс мешавад, — мегӯянд пулчинакҳои хатгардҳо.

Пулҳо тарҳи нав мехоҳанд, ё фарҳанги истофодабарӣ паст аст, муқаррар кардани сабаби аслӣ вазифаи кист?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here