Вебгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бахши хабарҳо бо забони тоҷикӣ иттилоъ медиҳад, ки Президенти Ӯзбекистон дар арафаи Наврӯз шартномаро дар бораи рафтуои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тасдиқ кард.

Дар ин хабар омадааст, «14 марти соли 2018 ҷониби Ӯзбекистон тартиби дохилидавлатиро анҷом дод, ки бино бар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шартномаи байниҳукуматиро дар бораи рафтуои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо қарори № 3604 аз 14 марти соли 2018, ки 9 марти соли 2018 дар байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ кард.

Барои ба вуҷуд овардани шароити муносиб ба аҳолии ҳар ду мамлакат дар арафаи ҷашни ҳуҷастапайи баҳории Наврӯз қарор дар бораи корбурди муваққатии Шартномаи мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то расман эътибор пайдо намудани ҳуҷҷат қабул гардид. Аз 16 марти соли 2018 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бидуни виза (то 30 шабонарӯз) бо ҳуҷҷатҳои ҳақиқии мусофиратӣ (дипломатӣ, хидматӣ ва шиносномаи шаҳрвандии хориҷӣ) омада метавонанд.

Дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Шартнома ва корбурди он нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ба таври илова хабар дода мешавад».

Дирӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард. Қарор аст, то ҳафтаи дигар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин Созишномаро тасдиқ кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here