Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барои ширкат дар мулоқоти  дуюми машваратии сардорони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки   29-уми ноябри соли равон муқаррар шудааст, ба Тошканд омад. Вайро дар майдони ҳавоӣ нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов истиқбол гирифт.

Баъд Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфт.  Гуфта мешавад, дар мулоқоти сарони ду давлат масъалаҳои муҳими ҳамкории байни Ӯзбекистону Туркманистон ва дурнамои тавсеа додани он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин зимни вохӯрии Шавкат Мирзиёев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов қайд гардид, ки миёни Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамкориҳои дуҷониба ба дараҷаи стратегӣ боло рафтааст, ки аз он ҳарду ҷониб манфиатдоранд.

Дар идомаи гуфтушунид сарони ду кишвар масъалаи ҳамкориҳои амалиро  низ ба доираи баррасӣ кашиданд. Онҳо афзоиши тиҷорат, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши мошинасозӣ, барқ, нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари устувор аз тариқи лоиҳаҳои иловагиро барои мардуми ҳарду кишвар хеле манфиатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, перомуни давом додани робитаҳои байни баъзе минтақаҳои ду кишвар дар бахши фарҳангӣ-башардӯстӣ табодули назар карданд.

Президентони Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузории мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкандро муҳим хонда, қайд намуданд, ки он  дар таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамсоягии нек ва муносибатҳои босамари минтақавӣ  хидмат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 29 ноябр дар шаҳри Тошканд президентҳои панқ кишвари Осиёи Марказӣ гирдиҳам меоянд ва масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсияҳо ва фарҳангӣ-гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард. Дар пайи он масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ низ дар меҳвари  гуфтугузорҳои сарони панҷ кишвар қарор хоҳанд гирифт.

Баъди анҷоми музокираҳо сарони ду давлат бо намоишгоҳи осори илмии Президенти Туркманистон ошно шуданд. Дар арафаи сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов китобҳои ӯ – “Ҳаёти хушбахтона аз саломатӣ оғоз меёбад”, Фарҳанг-хазинаи бебаҳои халқҳо”, “Афсонаи абадӣ”, “Чой-манбаъи шифо ва нерӯи равонӣ” ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва ба намоиш гузошта шуданд. Шавкат Мирзиёев нусхаҳои аввалини китобҳои дар Ӯзбекистон ба нашр расидаро ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов тақдим кард.

Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро ба унвони ифтихории “Академики Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон” мушарраф гардонид. Ин тақдимот дар фазои мутантан ба вуқӯъ пайваст.

Шоми рӯзи 28 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ барои ширкат дар мулоқоти дуюми машваратии сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вориди Тошканд шуданд. Онҳоро  сарвазир Абдулло Арипов пешвоз гирифт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here