«Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкуниаш, ки имрӯз, 30-юми октябр, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Имрӯз, 30 октябр, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард.
Дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард, ки бо воситаи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ ва радиоии кишвар ба таври зинда пахш гардид. Матни суханронии Эмомалӣ Раҳмонро вебгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – www. president.tj нашр кард, ки аз ин ҷо хонда метавонед.
Интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистон 11-уми октябри имсол баргузор гардид, ки дар он ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар, ё 90,92 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.