Дар айни ҳол теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1165 нафар расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои ин манбаъ, аз ин шумор саломатии 99 нафар беморони ба ин вирус сироятшуда барқарор шуда, онҳо дар марказҳои тавонбахшӣ боз чанд муддат нигоҳ дошта мешаванд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тариқи ҷамъомадҳои видеоӣ ҳамарӯза вазъияти марбут ба паҳншавии вируси ин бемориро таҳлил мекунад ва ба дастандаркорони ин бахши кор машваратҳои зарурӣ медиҳад.

Пирезиденти Ӯзбекистон ахиран гуфт, ки лағви муддати қарантин дар кишвараш ҳанӯз фаро нарасидааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди ба эътидол омадани вазъи нисбатан солим лағви муддати карантинро дар машварат бо мардум ҳаллу фасл  хоҳад кард.

Шавкат Мирзиёев аз ҳокимони маҳаллӣ тақозо кард, ки ба таври мунтазам аз хонаводаҳои камбизоат хабар гиранд ва барои таъмини аъзои ин хонаводаҳо бо маводи мавриди зарураташон ҳамеша чораҷӯӣ кунанд. Вай гуфт, ҳар як ҳокими вилоят ва ноҳия дар ин кор бояд эҳсоси масъулият кунад.

Мунтазам аз тариқи барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ба мардуми ин кишвар фаҳмонида мешавад, ки истифода аз пулҳои нақд низ, метавонад дар сироят шудан ба ин беморӣ мусоидат кунанд. Тақозо мегардад, ки мардум камтар аз пули нақд истифода кунанд.

Бино ба маълумоти расида, то ин замон ҳудуди 100 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон барои муайян намудани коронавирус озмоиш ё муоина карда шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ин кишвар 75 ҳазор пизишк фаъолият доранд ва ин теъдоди кам асту онҳо наметавонанд, ки аз ҳамаи мардум озмоиш гиранд. Бо вучуди ин, талошҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд, ки аҳолӣ пурра муоина карда шаванд. Ҳамарӯза пизишкон 7-8 ҳазор нафарро озмоиш мекунанд.

Ҳайати махсуси ҳукуматӣ эълон кардааст, ки нафақахӯрон нафақаҳои худро минбаъд метавонанд аз тариқи кортҳо соҳиб шаванд, зеро расонидани пули нақд ба нафақахӯрон баъзе мушкилот эҷод хоҳад кард. Аммо дар ҳамаи банкоматҳо ба миқдори зарурӣ пулҳои нақд гузошта мешаванд.

Раиси идораи мусалмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Усмонхон Алимов дар мавриди гузаронидани моҳи шарифи Рамазон фатвои худро эълон кард. Ба гуфтаи ӯ то ба эътидол омадани вазъ намозгузориҳои ҷамоавӣ мамнӯъ аст. Ҳамчунин, дар моҳи шарифи Рамазон намозҳои Таровеҳ ва хатми Қуръон бояд танҳо дар хона баргузор карда шаванд.

“Даъват кардани ҳамсояҳо ва хешу пайвандон ба ин маросимҳо низ мамнӯъ мебошад”, — гуфт Усмонхон Алимов.

Вай аз мардуми сарватманд даъват намуд, ки маблағҳои барои баргузории чунин маросимҳо пешбинӣ кардаи худро ба Марказҳои ҳамоҳангсозии хайрияҳои ҳомиён тақдим кунанд, ки ин маблағҳо барои пуштибонӣ аз мардуми камбизоати кишвар сарф карда хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here