Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия бо паёми телевизионӣ мардуми Тоҷикистонро табрик гуфт.

Президент дар паёми худ гуфт, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Имсол рӯзи Конститутсия дар арафаи 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин ду санаи таърихӣ бо ҳам робитаи бевосита доранд. «Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия роҳи ояндаи рушди давлати тоҷикон — эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон гардид, ки он барои таҳияи Конститусияи нав заминаи бунёдӣ гардид» — иброз намуд Президент.

Дар поёни паёми худ сардори давлат аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созанд, ки Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда мулки ободро ба мерос гузоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here