Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиев дар ҷаласаи муштарак бо мақомоти амниятии кишвараш таъкид кард, нерӯҳои амниятӣ набояд рӯзноманигоронеро, ки матолиби интиқодӣ менависанд, дар “рӯйхатии сиёҳ” қарор диҳанд. Ӯ афзуд, ин рӯзноманигорон душманони кишвар нестанд, балки танҳо камбудҳои Узбакистонро баён мекунанд.
Дар Ӯзбекистон бисёре аз мардум ва рӯзноманигорон таҳти фишори шадид ҳастанд ва динҳои мухталифе, монанди Ислому масеҳият аз озодии баргузории маросими мазҳабии бидуни контроли давлат бархурдор нестанд. Вуҷуди ин масоил пеш аз ин дар моҳи май намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи ҳуқуқи башарро водошт, то аз Шавкат Мирзиёев бихоҳад, ки ба самти ислоҳи сохтори зидди ҳуқуқи башари ин кишвар ҳаракат кунад. Дар моҳи январи имсол низ Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон аз Мирзиёев хоста буд, то маҳдудиятҳоеро, ки мутаваҷҷеҳи расонаҳо ва рӯзноманигорон аст, ҳазф кунад.
Ҳақиқат нишон медиҳад, ки суханони Мирзиёев беш аз он ки фишоре барои тағйир бошад, кӯшише барои сарпӯш гузоштан ба масоили мавҷуд ва интиқодҳои байналмилалӣ аст. Стив Свердлов, пажуҳишгари ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ бо ибрози адами итминон нисбат ба Ҳукумати Узбакистон гуфтааст, » ҳоло ин вазифаи Ҳукумати Узбакистон аст, то собит кунад, чӣ қадар ба иҷрои ислоҳоте, ки интизор меравад, пойбанд аст». Бриҷитте Дуфур (Brigitte Dufour), мудири бахши ҳамкориҳои байналмилалии “Ҳуқуқи башар” низ гуфтааст, «гарчи раисҷумҳури Узбакистон эълом карда, ки тасмимотеро барои тағйир дар дастури кор дорад, аммо замоне собит мешавад ин ирода ҷиддӣ аст, ки шоҳиди озодии касоне бошем, ки бо иттиҳомоти дурӯғин зиндонӣ шудаанд, кори иҷборӣ барчида шудааст ва расонаҳо бидуни тарс қодир ба фаъолият ҳастанд».
Ин изҳори назарҳо дар канори идомаи шароити амнияти ҳоким бар ҷомеаи Узбакистон нишон медиҳад, ки Мирзиёев дар сурати ҷиддӣ будан дар суҳбатҳои худ роҳи тӯлонӣ дар пеш дорад. Ӯ дар сурате ки хостори тағйироти ҷиддӣ бошад, бояд контроли муносиберо бар ниҳодҳои амниятӣ эъмол ва онҳоро маҳдуд кунад. Ҳамчунин бояд қавонини муносиберо дар ҳимоят аз шаҳрвандону рӯзноманигорони ин кишвар тасвиб кунад.