Эмомалӣ Норов ва Шоҳинаи Мӯъминзода, ду нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент, бо дастури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми январи соли 2018 хонадор шуданд.

1,5 моҳ қабл ҳангоми кушодашавии  корхонаи металургии ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин воқеъ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд (собиқ Табошар) ва мулоқот бо фаъолону кормандони коргоҳи мазкур, мутахасиси ҷавон, донандаи забони чинӣ ва хатмкардаи донишкадаи кӯҳиву металлургӣ Эмомалӣ Норов дар назди президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан карда буд. Сарвари мамлакат ба масъулин ва роҳбарияти вилояти Суғд супориш дод, ки мутахасиси маҳаллиро дастгирӣ кунед.

Маросими тӯйи хонадоршавии Эмомалӣ Норов ва Шоҳинаи Мӯъминзода, ки ҳарду  зодаи деҳаи Бедаки ҷамоати деҳоти Косаратоши шаҳри Панҷакент ҳастанд, дар як тарабхонаи зебои шаҳри Панҷакент доир гардид.

Намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии шаҳрҳои Панҷакенту Истиқлол, корхонаи металургии ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол, хешу пайвандони арӯсу домод ҷамъ омада буданд.

Муовини аввали раиси шаҳри Истиқлол Аминҷон Шарифзода, навхонадорнонро табрик гуфта, аз номи ҳукумати маҳалии шаҳри Истиқлол як манзили 2-ҳуҷрагӣ тӯҳфа кард.

Муовини директори генералии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин У Чун Хен, ҳам дар суханронии хеш ваъда дод, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва сайқал додани малакаи касбӣ Эмомалӣ Норовро аз ҳисоби корхона ба Чин барои таҳсил мефиристанд.

Эмомалӣ Норов ва Шоҳинаи Мӯъминзода бо сарулибоси миллӣ хонадор шуданд ва волидони онҳо барои дастгириву ғамхорӣ миннатдории хешро ба Ҳукумати Тоҷикистон баён доштанд.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here