Дар арафаи иди байналхалқии “Наврӯз” президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  фармон “Дар бораи афви як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазоро сипарӣ мекунанд ва ба кардаи худ пушаймон буда, қатъиян ислоҳ шуданианд”-ро имзо кард. Бар асоси ин фармони президенти Ӯзбекистон 140 нафар маҳбус афв шуданд.

Аз афроди афвшуда 4 нафар аз ҳукми асосӣ пурра озод карда шуданд. 69 нафар аз муддати сипарӣ кардани ҷазо шартан озод гардиданд ва ҳукми 8 нафар ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд. Муддати ҷазои 59 нафар низ коҳиш ёфт.

Дар миёни шахсони афвшуда 12 нафарро шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ташкил мекунанд. 9 нафар афроде мебошанд, ки синнашон аз 60 гузаштааст, 13 нафари афвшудагон занон мебошанд ва 14 нафар бо ҷурми ширкат дар созмонҳои манъшуда ба ҷазои ҳабс маҳкум шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи иди Наврӯз 20 нафар сокини ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона низ шартан аз толори додгоҳ озод карда шуданд. Ин афрод дар ташкили беназмиҳои оммавӣ ва зараррасонӣ ба ҷони мансабдорони ҳукуматӣ гумонбар мешуданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

1 бинависед

  1. «шартан аз толори додгоҳ озод карда шуданд», яъне шартан озод карда шуданд, вале амалан дар толори додгоҳ мемонанд. Наход як умр дар толор монанд? Даҳшат!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here