Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
Дафтари матбуоти Президент дар ин бора хабар дода навишт, ки ҳануз 25 сол қабл дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев маъруф ба Қасри Арбоб баргузор гардида буд, бо иродаи кулли депутатҳои Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори оқилу хирадманд Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон — Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид.
Худи њамин рўз бо иштироки Президент корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сипас, дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшида шуд.