Ба шарофати таҷлили 28-умин солгарди истиқлолият президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳи 65-нафараи маҳбусонро афв кард. Онҳо тибқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон аз озодӣ маҳрум шуда буданд.
Гуфта мешавад, дар муддати се соли ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ҳудудан чор ҳазор нафар зиндонӣ ба озодӣ баромадаанд. Онҳо маҳбусонеанд, ки аз кардаи худ пушаймон шудаанд ва аз президент афви худро хоҳиш кардаанд.
— Дар ин рӯзҳои иду нишот ба хонаводаҳои зиёд хурсандӣ ато гардид. Маҳбусоне, ки нисбатан ҷинояти сабук содир кардаанд, афв карда шуданд. Ин ҳам як ҷанбаи сиёсати инсонпарваронаи Шавкат Мирзиёевро нишон медиҳад. Ӯзбекистон оҳиста ба сафи кишварҳое дохил мешавад, ки дар он ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арҷ мегузоранд, — мегӯяд собиқадори меҳнат аз шаҳри Тошканд Қаҳрамон Ниёзов.
Ба наздикӣ мувофиқи амри Шавкат Мирзиёев фаъолияти яке аз ҳабсхонаҳои махсус ва номаш низ барои мардуми зиёд хеле мудҳиш — “Ҷаслик”, ки дар Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон воқеъ гаштааст, комилан баста шуд. Дар он муҳлати ҷазои худро бештар маҳбусони сиёсӣ, ифротгароён, ҳамчунин маҳбусони ҷинояташон хеле вазнин сипарӣ мекарданд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, Тошканд, Ӯзбекистон