Дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки дар Минск (Беларус) идома дорад, дар вохӯрии якум пирӯзӣ ба даст овард.  Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дастаи наврасони Исландияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд.

Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм 21 январ бо Исроил вомехурад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар Ҷоми рушд-2020-ум 8 даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои панҷум то ҳафтум низ баргузор мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here