— Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад ва мо инро хеле хуб қадр мекунем, — ин нуктаро пешвои сиёсии ҷунбиши толибон мулло Абдулғанӣ Бародар дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа иброз доштааст.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳои миёни ҳукумати Афғонистон ва толибон дар шаҳри Доҳа мулло Абдулғанӣ Бародар гуфтааст:

— Пешниҳодҳои Шавкат Мирзиёев дар мавриди барқарории субот барои мо хеле муҳиманд. Мо хеле хуб медонем, ки ин талошу ташаббусҳо натанҳо ба таъмини сулҳу субот ва амният ва зиндагии фаровон дар Афғонистон ё Ӯзбекистон, балки барои мардуми соири кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.

Ба таъкиди мулло Абдулғанӣ Бародар сохтумони роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар ва кашидани хати барқи Сурхон-Пули Хумрӣ аз зумраи чунин хизматҷои ҷониби Ӯзбекистон барои Афғонистон мебошад.

— Лоиҳаҳое, ки дар Афғонистон бо ширкати мутахассисони Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, муоидат хоҳанд кард, ки Афғонистон иқтисодиёти худро хеле рушду ривоҷ диҳад. Таъмини амнияти мутахассисони ӯзбекистонӣ дар хоки Афғонистон низ аз масъалаҳои хеле муҳим мебошанд, — иброз доштааст сарвари сиёсии толибон.

Мулло Абдулғанӣ Бародар мӯътақид аст, ки дурнамои робитаҳои ду кишвари ҳамсоя  — Афғонистон ва Ӯзбекистон  дурахшон аст.

Ба гуфтаи ӯ чанде муқаддам дар шаҳри Доҳа миёни ҷунбиши толибон ва ИМА созишномаи сулҳ ба имзо расида буд ва ин иқдом шаҳодат медиҳад, ки толибон аз барқарории сулҳу субот дар Афғонистон манфиатдор мебошад.

— Мо шартҳои созишномаро иҷро мекунем ва нерӯву талоши худро баҳри он сарф хоҳем кард, ки дар оянда аз ҷониби Афғонистон ба Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ягон таҳдид эҷод нахоҳад шуд. Гузашта аз ин, толибон дар қаламрави Афғонистон ба мавҷудияти гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаракатҳои террористӣ ҳаргиз роҳ нахоҳанд дод, — гуфтааст оқои Бародар.

Гуфта мешавад, дар созишномаи миёни толибон ва ИМА ҳарду ҷониб уҳдадориҳо гирифтаанд. Яке аз ин уҳдадориҳои мақомоти расмии Вошингтон аз ҳамин иборат мебошад, ки нерӯҳои худро аз хоки Афғонистон ихроҷ намояд.

— Вақте ин нерӯҳо хориҷ шуданд, мо талошҳои зиёд ба харҷ хоҳем дод, ки Афғонистон ба кишвари амн ва шукуфон табдил ёбад, — изҳор кардааст мулло Абдулғанӣ Бародар.

Ёдовар мешавем, ки чанде муқаддам ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Зеркумита оид ба сиёсати механизми ҳамкории сеҷонибаи Ӯзбекистон-ИМА-Афғонистон баргузор карданд ва онро ноиби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фурқат Сиддиқов, ноиби ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Афғонистон Нэнси Ҷексон, ноиби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон Мирвайс Нааб сарпарастӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи нахустини Зеркумита ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ва нақши Ӯзбекистон дар ин раванд, таҳкими мулоқоти сиёсии ҷонибҳо, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар робита ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои динӣ ва савдои одамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо зарурати таҳия ва татбиқи барномаи фарогири сулҳи Афғонистонро муҳим арзёбӣ карданд. Дар пайи он аҳамияти таҳияи чунин ҳуҷҷат  дар заминаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  низ хеле муҳим хонда шуд.

Дар ин ҷаласа эътироф гардид, ки баргузор шудани конфронси байналмилалии Тошканд дар моҳи марти соли 2018 оид ба Афғонистон ва аз рӯи натиҷаҳои он қабул гардидани Қатъномаи Тошканд аҳамияти консептуалиро молик мебошад.

Ҷониби Ӯзбекистон дар ҷаласаи нахустин омодагии худро ҷиҳати баргузории яке аз давраҳои баъдии музокираҳои байниафғонӣ дар шаҳри Самарқанд ба миён гузошта буд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here