Вакили сенати парламенти Қазоқистон Динор Нукетаева пешниҳод кард, ки хушунат алайҳ муаллим ба хушунат алайҳи намояндаи мақомот баробар дониста шавад.

Тағйири вазъи муаллимон, ба назари ӯ, иқтидори муаллимонро бозмегардонад. Ин вакил, ҳамчунин, бо ибтикори амал хостори манъи истифода аз дурбинҳои видеоӣ ва телефони ҳамроҳ бо интернет дар мактабҳо шуд. Ба гуфтаи ӯ бояд истифода аз воситаҳои техникии интернетрасон ва дурбинҳои видоӣ аз тарафи хонандагон, волидон ва оӯзгорон дар раванди дарсҳо маҳдуд карда шаванд.

Омӯзгорон аз ҷониби чиновникҳо ва волидон мавриди фишор қарор мегиранд, арз кардааст вакил. Ба ақидаи ӯ ин касб манзалати худро аз даст додааст. “Волидан дар шоҳидии бачаҳо омӯзгоронро таҳқир мекунад, сақат мегӯянд ва бо ин роҳ обрӯю эҳтироми муаллимро коҳиш медиҳанд”, — гуфтааст Нукетаева.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here