Русия пас аз танаффуси яксола парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро аз сар мегирад. Дар ин бора ОИР «Новости» хабар медиҳад. Қарори мазкурро сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин тасдиқ кардааст.

Шурӯъ аз 1 апрели соли ҷорӣ Руссия бо 6 кишвар парвозҳояшро барқарор мекунад, ки дар ин байн Тоҷикистон низ ҳаст.

Ин хабар дар ҳоле нашр гардид, ки чанд рӯз пеш намояндагони «Роспотребнадзор»-и Русия аз вазъи эпидемиологии Тоҷикистон дидан намуда буданд. Зимни анҷоми сафари кории худ аз кори духтурони тоҷик ситоиш ҳам карда буданд. Гуфта мешуд, ки сафари ин ниҳод шояд барои бозшавии марзи ду кишвар мусоидат кунад, вале то ба ҳол «Роспотребнадзор» аз натиҷаи  сафари кории худ ба таври расмӣ ҳисобот надодааст.

Ҷониби Русия моҳи марти соли 2020 баҳри пешгирии сиротяи коронавирус марзҳояшро бо Тоҷикистон баста буд.

Айни ҳол танҳо парвозҳо байни ин ду кишвар ба роҳ монда мешавад, дар бораи боз шудани марзҳо тариқи роҳҳои заминӣ ягон маълумоте нест.

Ҳафтае як маротиба парвозҳои хатсайри Маскав-Душанбе-Маскав анҷом дода мешаванд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here