Баъд аз чандин моҳи таваққуф имрӯз дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд. Парвози махсус аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт.
Моҳи марти соли 2020 бар асари паҳншавии COVID-19 парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд муваққатан қатъ гардида буд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигори «Ховар» гуфтааст, ки байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид идома дошта, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд.
Алҳол дар хатсайри Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.