Мурофиаи парвандаи марги сарбози қисми ҳарбии Қушунҳои марзбонии КДАМ дар ноҳия Ванҷ Ёдгорзода Абдуқаюм, ки пас аз панҷ моҳи сафарбарӣ дар макони хизматаш ба ҳалокат расид, ба рӯзи 24-уми октябр монда шудааст.

Дар назар буд, мурофиаи аввалини ин парванда рӯзи 16-уми октябр баргузор мегардад, вале наздикони сарбози марҳум мегӯянд, сабаби ба рӯзи дигар гузоштани мурофиаро намедонанд.

— Хуб шуд, рӯзи 15-уми октябр аз Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ ба мо занг зада, хабар доданд, ки баргузории мурофиаро ба ҳафтаи оянда монданд. Волидони Абдуқаюм аз ноҳияи Панҷ ба Душанбе омада буданд ва барои сафар ба шаҳри Хоруғ ба роҳ баромада будем, — гуфт дар суҳбат тағои сарбози марҳум Абдусалом Саломов.

Қаблан аз Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ дар суҳбат бо «Фараж» таъйини мурофиаро ба рӯзи 16-уми октябр тасдиқ карда буданд, аммо имрӯз, 18-уми октябр, дар як тамоси телефонӣ сабаби дар рӯзи муайяншуда баргузор нагардидани мурофиаро шарҳ доданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мурофиа бо сабаби аз ҷониби «Канвой» ба суд ҳозир накардани судшаванда ба рӯзи 24-уми октябр гузаронида шудааст. Ҳамчунин, дар мавриди шахсияти судшаванда ва сабабҳои ба ин ҷиноят даст задани ӯ аз ҷониби Суди гарнизони шаҳри Хоруғ маълумот надоданд, аммо наздикони сарбози марҳум мегӯянд, ному насаби судшаванда Абдуллоев Бахтовар Валиевич буда, сокинони кӯчаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад. Номбурда ҳамхизмати Ёдгорзода Абдуқаюм аст, ки шаш моҳ пештар аз ӯ ба аскарӣ рафтааст. 

Сабаби асосии ба мурофиаи судӣ ҳозир накардани судшаванда номаълум аст, ин дар ҳолест, ки судшаванда Абдуллоев Бахтовар дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм баҳори соли равон, вақте ихтиёран аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ба хизмати аскарӣ сафарбар гардид, ки 19 сол дошт ва дар қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ванҷ адои қарзи шаҳрвандӣ мекард.

Нимаи дуюми рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон, афсарони қисми ҳарбии мазкур ва намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Панҷ ҷасадашро ба наздикон расониданд ва худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Наздикони марҳум он замон дар суҳбат ба “Фараж” иброз дошта буданд, ки фарзандашон мавриди латукӯби шадид қарор гирифааст, вале як нафар афсар бо исми Баҳодур, ки ҷасадро ҳамроҳӣ кардааст, гуфтааст, сарбоз аз баландӣ афтидааст.

Абдусалом Саломов, тағои марҳум гуфт, ҳарфҳои афсарро бовар накарданд ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани омилони марги ҷиянаш талош хоҳанд кард. Номбурда ҳамчунин гуфт, талаб доранд, афсарони ин қисми ҳарбиро ҳам ба додгоҳ кашанд, зеро маҳз ҳамин бепарвоӣ ва бемасъулиятии эшон сабаби латукӯб ва ҳатто марги наваскарон дар қисмҳои ҳарбии кишвар мегардад. «Барои ин ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии кишвар ба таври хаттӣ муроҷиат кардем».

Бино ба иттиллои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ, парванда аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ-373 қ. 2 банди “д”«Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ  дар ҳолатиьнабудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва 110 қ. 3 «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» банду баст гардида, ба суд ирсол гардидааст.

Ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба шахси гунаҳкор аз 5 то 10 ва аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Як манбаъ аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар суҳбати телефонӣ қаблан ба “Фараж” гуфта буд, гунаҳгори асосӣ дар парванда як нафар ҳамхизмати марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм мебошад. “Ҳамчунин, нисбати шахсони мансабдор чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ пешниҳод карда шуд ва бояд фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ масъалаи аз вазифа озод карданашонро дида бароянд”.

Дар акс сарбози марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here