Дар Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли 2018-ум  11 ҳазор ақди никоҳ бекор карда шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Абдуллозода Аҳтам бо такя ба омори расмии Вазорати адлияи кишвар иттилоъ дод.  

Ҳамзамон, раиси кумита аз он нигаронӣ намуд, ки мушкилиҳои зиёди пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҷой дорад ва омилҳои онро гуногун арзёбӣ намуд.

“Мо бояд дар замини ҷавонон мустаҳкам кунем, ки мафҳуми оиладорӣ чӣ аст, фарзанд кӣ аст, эҳтирому гиромидошти ҳамсар чӣ гуна риоя карда шавад ва бояд инсон пеш аз қабули қарор дар мавриди барпо кардани оила яқинан бояд донад, ки ин кадом роҳро интихоб кардааст ва қонуну қоида дар ин роҳ чӣ гуна аст, пасон он қоидаро риоя кунад.  Мушкилиҳои зиёди пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҷой доранд, ба монанди муносибати муайяни падару модар нисбати келин, омода набудан ба ҳаёти мустақилона, дар баъзан маврид пуртоқат набудан ба мушкилоти оилавӣ, дар мавридҳои дигар умуман изҳор намудани беэҳтиромӣ нисбати ҳамсар ва сабабҳои гуногуне мешаванд, ки ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон оварда мерасонанд”, — иброз дошт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here