Аз парламенти Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар мадди назари вакилон аст.
Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки «масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз масоили ҳассос аст ва махсусан баъд аз оне, ки онҷо ҳамватани мову шумо қурбон шудааст. Бародароне, ки маълумоти муфассал надоранд ба эҳсосоти хунгармона дода нашуда, бояд дарк намоянд, ки вакилони мардумии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хомӯш набудаанд ва ҳамагуна воқеаву рӯйдодро, ки манфиатҳои миллат, давлат ва кишвари Тоҷикистонро дар бар мегиранд пайгирӣ менамояд.
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар баробари Комиссияи ҳукуматӣ чанд рӯз аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Шамсиддинзода Мавзуна дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлуи мардуми Исфара масъаларо пайгирӣ менамоянд».