Акнун мизоҷони “Бонки Эсхата” ҳаққи абонентии мобилиро метавонанд, бидуни навбат ва  масрави вацти зиёд,  тариқи  бонки мобилии “Эсхата онлайн” пардохт намоянд. Ин амалиётро  чи гуна иҷро кардан мумкин аст:

Аввал дар “меню”-и асосии бонки мобилӣ тугмаи «Пардохтҳо ва интиқолҳо»-ро интихоб кардан зарур аст. Баъдан ба меню”-и алоқаи мобилӣ ворид шуда, ширкати мобилии худро интихоб кунед.Пас аз ворид кардани рақами телефон, маблағ ва ҳисобнома пардохти шумо ба анҷом мерасад.

Бартарии дигар пардохт тавассути«Эсхата онлайн» ин шаблонҳо мебошанд. Акнун шаҳрвандон имконият доранд, ки пардохтҳои худро зуд-зуд иҷро намуда, дар ҳолати зарурӣ онро такрор намоянд.

Пас аз пардохт, онро ба рӯйхати шаблонҳо илова карда,  номгузорӣ намоед, то пайдо карданаш  осон гардад. Ҳар вақте, ки шаҳрвандон барои пардохти абонентии алоқаи мобилӣ, ТВ, Интернет, коммуналӣ, омӯзиш ва ғайра ниёз доранд, танҳо як шаблонро интихоб ва тугмаи «Пардохти такрорӣ» -ро интихоб мекунанд. Ҳоҷат нест, ки ҳар дафъа маълумотро дубора ворид кунед. Ҳама чиз оддӣ, осон ва қулай аст! «Эсхата онлайн» — Бонки мобилии шумо! Бонки мобилии «Eskhata Online» –ро аз силкаи зерин боркаши намоед:http://eskhata.com/online

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here