Дирӯз дар шаҳри Панҷакент 74-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизмро бо раҳпаймоӣ таҳти унвони «Полки бемарг» ва ҳузури 4 нафар иштирокчии ин ҷанг дар назди муҷассамаи аскари номаълум, воқеъ дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, таҷлил гардид.
Пайвандону фарзандони онҳое, ки дар ҶБВ иштирок доштанду имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, бо аксҳои падару бобоёни худ, дар роҳпаймоӣ ширкат карданд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода зимни суханрониаш аз қаҳрамонҳои мардуми тоҷик дар ин набард ёдовар гардида, онҳоро бо Рӯзи Ғалаба муборакбод намуд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ва саҳначаҳои ҳунарӣ бахшида ба ин рӯз намоиш дода шуданд.
Дар охири ҷашни Рӯзи Ғалаба, раиси шаҳри Панҷакент бо иштирокчиёни ҶБВ дар назди муҷассамаи аскари номаълум акси хотиравӣ гирифт.
Дар шаҳри Панҷакент ҳамагӣ 4 нафар иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Соли гузашта онҳо 6 нафар буданд, ки мутаасифона 2 нафар дар як сол аз дунё даргузаштанд.