Дар доираи эълон гардидани соли 2019-2021 ҳамчун солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои ободонӣ дар шаҳру деҳоти кишвар босуръат идома доранд. Сокинони деҳот, махсусан ҷавонони бонангу номус ва соҳибкорони хайрхоҳ, бо руҳияи баланд ва азму иродаи қавӣ баҳри обод гардонидани ҳар гӯшаи диёр, маҳалли зисти хеш, камари ҳиммат бастаанд.

Сокини деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Ёроншоҳ Нуруллоев аз ҷумлаи ҷавононест, ки саҳми беғаразонаи хешро баҳри ободу зебо гардонидани маҳалли зист мегузорад. Ҳамдеҳагон аз ӯ ҳамчун ҷавонмарди хайрхоҳ ва нексиришт сифат мекунанд. Гарчанде худи Ёроншоҳ Нуруллоев дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия қарор дорад, барои сангфарш кардани як километр роҳи деҳаи Сафедорон маблағ фиристода, саҳмашро дар ободии ин гӯшаи диёр гузошт.

Абдухолиқ Шарипов чанд сол боз ба ҳайси раиси деҳаи Сафедорони ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат бо кумаку дастгирии ҳамдеҳагон ва баъзан ҷавонони хайрхоҳ тамоми деҳаро чароғон сохта, барои таъмири роҳҳои дохили хоҷагиҳо хеле корҳоро анҷом додаанд. Шарипов гуфт, махсусан аз ҷониби Президенти мамлакат солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 барояшон илҳоми тоза бахшидааст ва дар ободии деҳа саҳми бештар хоҳанд гузошт.

— Тобистони ҳамин сол бо маслиҳату машварати мардуми деҳа маблағ ҷамъоварӣ шуда, наздики ду километр роҳи асосии воридшавӣ ба деҳаро асфалтпӯш кардем. Саҳми ҷавонони деҳа низ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд, дар асфалтпӯшсозии роҳ калон аст. Бунёди дарвоза дар даромадгоҳи деҳа оғоз шудааст ва рӯзҳои наздик ба анҷом расонида хоҳад шуд. Деҳаи мо аз роҳи асосии маркази ҷамоати деҳоти Озодагон дар масофаи ду километр дурӣ қарор дорад. Ин ҳолат қаблан барои меҳмонон ва ё нафароне, ки бори аввал ба деҳа меомаданд, душворӣ пеш меовард. Чун дар роҳи асосӣ ягон ишорае, ки самти деҳаро муайян намояд, мавҷуд нест, ашхоси ношинос дар пайдо кардани роҳи деҳа саргардон мешаванд. Акнун бовар дорам, бо насби навиштаҷот дар болои дарвозаи деҳа ин мушкили меҳмонон ҳал хоҳад шуд, — гуфт раиси деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ А. Шарипов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here