Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтиву сифатнокии даромад, хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои он, Палатаи ҳисоб соли 2019 дар вазорату идораҳо, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо 308 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 234,1 миллион сомонӣ муайян намудааст.
Ин нишондодро раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон зимни нишасти матбуотӣ баён кард. Дар нишасти мазкур масоили зарари молиявӣ ба буҷети давлатӣ, камомаду тассаруфи воситаҳои пулию молӣ дар бонкҳову мақомотҳои маҳаллӣ, зарари молиявии ШСХК ”Барқи тоҷик”, инчунин, дигар мушкили ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Палатаи ҳисоб иброз дошт, ки дар соли 2019 бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аудити молиявии маҷмӯи ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шудааст, ки дар умум зарари молиявӣ ба маблағи 26,9 млн. сомонӣ ошкор карда шудааст.
Аз рӯи натиҷаи аудити дар шаҳру ноҳияҳо гузаронидашуда, тибқи 18 қарору фармони аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардида 240 нафар ба ҷавобгарии молию пулӣ кашида шудаанд, ки 44 нафари онҳо бо сабабҳои ҷой доштани камбудӣ дар ҳисобот аз вазифа озод карда шудаанд, — иброз кард Чиллазода Қарахон.
Масъалаи дигаре, ки мавриди зикр қарор гирифт ин сафарбаркунии ками занону духтарон дар самтҳои фаъолияти кории ин ниҳод аст, ки ба ҷониби масъулини шӯъбаи кадрҳо ва таъиноти махсус равона карда шудааст.
Дар Палатаи ҳисоб, ки ҳамагӣ 102 нафар корманд фаъолият мекунанд, танҳо 8 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки 4 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ин рақам 3 нафар дар соли 2019 ба кор ҷалб шудаанду халос, ки хеле нишондиҳандаи паст аст, — зикр намуд Чиллазода Қарахон.
Аз ин вазъият раиси Палатаи ҳисоб изҳори норозигӣ баён кард ва ба масъулони шӯъбаи кадрҳо ва таъиноти махсус дар хусуси он, ки бояд дар солҳои 2020-2021 дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигар самтҳои фаъолият сафи занону духтарон на камтар аз 30% зиёд карда шаванд, супоришҳои махсус дод.
Шаҳноз Ализода,
Фараж