Дар якуним соли охир ширкати “Барқи тоҷик” фаъолияташро бо беш аз 3 миллиард сомонӣ зарар ҷамъбаст кардааст, ки назар ба соли 2017 зиёда аз 208 миллион сомонӣ зиёд будааст. Зарари молиявии ширкати мазкур пас аз як санҷиши молиявии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон муайян карда шудааст. Масъулини ин ниҳод зарари ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба гарон харидорӣ кардани нерӯи барқ аз НБО “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда 2” ва бо нархи арзон ба аҳолӣ фурӯхтани он арзёбӣ мекунанд.
Сараудитори Палатаи ҳисоб Салимзода Собир, ки дар соли 2019 санҷиши молиявии Ширкати “Барқи тоҷик”-ро шахсан анҷом додааст, имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ширкати мазкур ҳарсола бо мақсади таъмини мунтазами аҳолӣ бо нерӯи барқ аз ҶСК НБО “Сангтӯда-1”ва “Сангтӯда-2” бо арзиши гарон нерӯи барқ мехарад, вале онро арзон ба аҳолӣ мефурӯшад.
— Масалан, ширкат нерӯи барқро дар соли 2018 аз “Сангтӯда-1” бо арзиши 26,02 дирам харидорӣ карда, ба аҳолӣ бо нархи 17,44 дирам фурӯхтааст. Фақат аз ҳисоби хариду фурӯш ба ширкат 270,1 миллион сомонӣ зарар ворид шудааст. Дар шаш моҳи соли 2019 бошад, ширкати “Барқи тоҷик” барқро бо арзиши 27,90 дирам харидорӣ карда, бо қимати 19,57 дирам ба муштариён фурӯхтааст, ки ба корхона 167,1 миллион сомонӣ зарар расидааст. Аз “Сангтӯда-2” бошад, дар соли 2018 бо арзиши 54,63 дирам барои 1 киловат соат барқ харида шудааст, вале бо нархи 17,34 дирам ба муштариён расонида шудааст. Зарари молиявӣ 330,02 миллион сомониро ташкил додааст. Дар шаш моҳи соли 2019 аз ин нерӯгоҳ бо тариқи миёнаи 43,05 дирам барқ харида шудааст ва он бо нархи 19,34 фурӯхта шудааст, ки дар ин муҳлат зарар ба ширкат 145,2 ҳазор сомониро ташкил додааст. Яке аз сабабҳои бо зарар ҷамъбаст гардидани фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳамин аст, — шарҳ дод Салимзода.
Аммо номбурда ба суол дар мавриди шаффофии кори ширкати “Барқи тоҷик” ва ошкор кардани ҳолатҳои коррупсионӣ зимни санҷишҳои аудиторӣ чизе нагуфт. Ин дар ҳолест, ки сару садо миёни аҳолӣ дар бораи аз худ кардани маблағҳои ҷамъшуда аз ҷониби нозирони барқ ва сатҳи фасод дар ин ширкат зиёд шунида мешавад. Сокинон мегӯянд, ки бо вуҷуди боло рафтани арзиши нерӯи барқ онҳо сари вақт маблағи истифодашудаи онро ба нозирони барқ мепардозанд.