Муаррихон аз пайдо шудани боқимондаҳои устухони динозавр (ҷонваре, ки нобуд шудааст) дар ноҳияи Фархор ба ҳайрат омадаанд. Дар ин бора нашрияи «Пайк» хабар дода менависад, ки аз зери фарши хонаи як сокини ноҳияи Фархор  боқимондаҳои ҷасади динозавр пайдо шудааст.

Сокини кӯчаи Нуралӣ  Исҳоқи ин ноҳияи Авлиёқул Давлатмуродов ба «Пайк» қисса кардааст, ки се сол қабл дар хонааш одам зиста наметавонист ва онҳо гумон мекарданд, ки дар зери фарш калламушҳо  рафтуомад мекунанд ва ҳатто садои даҳшатнок баланд мекарданд. Келинҳояш аз тарс дар хона хоб намекардаанд ва баъди ин ҳодисаҳо ахиран 25 қуттӣ доруи муш ба зери фарш рехтаааст ва баъди ин дигар аз зери фарш садо набаромадааст.

Давлатмуродов илова кардааст, ки аз байн як сол сипарӣ шуда, бӯи ғализ кӯчаро фаро гирифтааст ва ҳаммаҳаллаҳояш хоҳиш кардаанд, ки ҳоҷатхонаи кӯҳнаро бандад, аммо бо ин кор ҳам бӯй аз байн нарафтааст.

«Як сол бӯи ин аз хонаҳои ҳамсояҳо нарафт. Дар ин миён ду маротиба фарши хонаро канданӣ шудам, вале шароит набуд. Ҳоло бо фаро расидани шароит фарши хонаро кандем Баландии фарш 70 сантиметр аст. Баъди кандан ҷасади ин динозавр пайдо шуд, аммо даҳ рӯз моро нагузоштанд, ки фарши хонаро пур кунем. Баъдан ҳамаи устухонҳои динозарврро ҷамъ карда дар якҷо гузоштем. Ҳатто аз осорхона омаданд  ва дар охир имрӯз  раиси ноҳияи низ омад ва ҳоло қарор аст, онро ба Душанбе баранд. Пеш аз ин аз осорхона омаданд динозаврро 300 сомонӣ нархгузорӣ карданд, ман розӣ нашудам ва як нафар аз Душанбе омад 7000 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ кард, надодам. Ҳоло раис гуфт, ки ин чизро касе нарасад ва болои сари он ду корманди милиса посбонӣ доранд», — гуфтааст Авлиёқул Давлатмуродов.

Раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода, низ дар сӯҳбат ба «Пайк» ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки ҳоло як комиссия ташкил шуда, онро барои ташхис ба Душанбе хоҳанд бурд. Тибқи иттилои раис сардори ин комиссия муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим будааст.

Пайдо шудани скелети динозавр дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки соли 2013  низ чунин динозавр дар водии Вахш пайдо шуда, он скелет ба осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шуда буд, менависад «Пайк».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here