Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат семинар дар мавзуи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои озодии виҷдон ва диёнат» баргузор гардид.
Зимни семинар вакили Маҷлиси намояндагон Муродулло Давлатов иброз намуд, ки дар давоми 25 соли давраи соҳибистиқлолӣ муносибати давлат бо дин ва сиёсати давлат нисбат ба соҳаи дин якранг набуд. “Аз ҷумла дар давраи ниҳоӣ паҳн гардидани падидаи ифротгароии динӣ дар ҷомеа таъсири манфии худро на танҳо ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ, ҳамчунин ба равобити байни давлат ва дин расонид. Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасад ва баланд бардоштани дониши динии ҷавонон метавонад омили паст гардидани ифротгароӣ дар ҷомеа гардад”, — гуфт ӯ.
Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки имрўз авзои ҷомеаро баъзе равияҳои тундгаро ва ифротӣ ноором мекунанд. ӯ гуфт: “аз оинаи нилгун ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба ин равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гушношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Вале, мутаассифона афроде ҳастанд, ки ба ин сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касифашон ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ кашанд. Мардуми тоҷик бояд имконият надиҳанд, ки мазҳабҳои ифротӣ аз хушимонии мо истифода намуда, моро ба монанди мардуми Сурия, Ироқ ва Фаластин бозичаи дасти худ гардонанд”.