Озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бахшида ба 25 солагии баргузории Иҷлосияи XVI  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва рӯзи Президент – “Иҷлосияи сарнавиштсоз” ҷамъбаст гардид.

Ин озмун тӯли 3 моҳ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор гашта дар он шоирон, носирон, журналистон ва онҳое ки дар мавриди ин санаи муҳим хотираву ёддошт доранд, ширкат варзиданд. Дар рафти озмун наздики 100 асар пешниҳод гардид. 

Озмун дар ду бахш: насру публитсистика ва назм баргузор гардид.

Ҳамин тавр дар бахши наср ва публитсистика ҷойи аввал насиби профессор Усмонҷон Ғаффоров (барои мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуду Раҳмон Набиев чӣ гуна истеъфо дод”) гардид ва ҷойи сеюм ба Эмомалӣ Назаров (барои мусоҳибаҳояш бо Ҳабибулло Табаров ва Абдулмаҷид Достиев) лоиқ дониста шуд. Умари Шерхон барои мақолааш дар бораи Адолат Раҳмонова ва суханрониҳои ӯ дар рафти Иҷлосия бо мукофотпулӣ сарфароз шуд.

Дар бахши назм Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои манзумаи «Офтобе аз сиришти халқ» сазовори ҷойи аввал, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова барои достони «Хатлон» сазовори мақоми дуюм ва Шаҳрия Аҳтамзод барои манзумаи «Зиндагӣ бори дигар оғоз шуд» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Барои ғолибон аз 1000 то 3000 сомонӣ ҷоиза супорида шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here