Аввалҳои моҳи январ дар шаҳри Маскав як вохӯрие баргузор шуд, ки онро метавон ҳамчун намоёнтарин рӯйдоди рӯзҳои охир, эҳтимол моҳҳои охир, ё шояд солҳои охир тавсиф кард. Роҳбарони Озарбойҷон, Русия ва Арманистон самти ояндаи рушди минтақаро баррасӣ карданд. Изҳороте, ки дар интиҳои ҷаласа қабул карда шуд, қадамҳои мушаххасро барои татбиқи масъалаҳое муайян намуд, ки дар баёноти сеҷонибаи 10 ноябри соли 2020 инъикос ёфтаанд.
Сарони ҳарсе давлат ташаббуси таъсиси Гурӯҳи кории сеҷонибаро барои барқарорсозии батадриҷи тамоми робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа дастгирӣ карданд. Афзалият ба чунин соҳаҳое, монанди бунёд ва барқарорсозии роҳи оҳан, роҳҳои нақлиётӣ, ва инчунин дигар соҳаҳо, ки дар асоси созишномаи Озарбойҷон, Арманистон ва Русия муайян шуда буданд, дода шуд.
Бояд қайд кард, замоне ки Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи он таҳти тасарруф қарор доштанд, Озарбойҷон борҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ ва кушодани ҳама роҳҳо, албатта бо шарти қатъ кардани сиёсати ишғолгароёна эълом дошт. Аммо, худпарастии аз ҳад зиёди Арманистон, кӯшиши забти қаламравҳои бегона бар хилофи ҳама қоидаҳо ва тартибҳои ҷаҳони мутамаддин, ормонҳои онҳо оиди «Арманистони Бузург» баъдан ин кишварро ду даст дар бинӣ гузошт.
Барои Озарбойҷон амнияти минтақавӣ, суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва муносибатҳои муқаррарии неки ҳамсоягӣ ҳамеша афзалият доштанд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев борҳо таъкид намуд, ки изҳороти имзошуда иброзгари ниятҳои онҳост, зеро яке аз нуктаҳои ин баёнот пас аз қатъи амалиёти низомӣ, раҳоӣ аз маҳдудияти алоқаи нақлиётист. Ба гуфтаи сарвари давлат, ин соҳаест, ки метавонад ҷараёни инкишофу рушди минтақаро вусъат бахшад, ва амниятро мустаҳкам намояд. Зеро кушодани робитаҳои нақлиётӣ ба манфиатҳои халқҳои Озарбойҷон, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа аст.
Бояд тазаккур дод, ки кушодани роҳҳо ва рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳам ба минтақа дар умум ва ҳам ба кишварҳои алоҳида манфиат меорад. Аввалан, роҳ ба сӯи Нахҷувон то ба Туркия кушода мешавад, ва он долони нави кӯтоҳтари нақлиётиро фароҳам меорад. Ташаккули долони нақлиётии Зангезур бошад, илова ба хати Гурҷистон хоҳад буд, ва ин гуногунии роҳҳои нақлиётии байналмилалеро фароҳам меорад, ки тариқи Озарбойҷон мегузаранд. Таъсиси долони Зангезур Нахҷувонро аз муҳосираи коммуникатсионӣ наҷот дода, барои Озарбойҷон аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд хоҳад буд ва ҳаҷми интиқоли борро ба маротиб афзоиш медиҳад. Афзудани манфиатҳои иқтисодӣ аз алоқа бошад, сулҳу суботро дар минтақа боз ҳам тақвият мебахшад. Дуввум, сулҳи пойдор дар минтақа барои Русия низ аҳамияти калон хоҳад дошт, зеро пеш аз ҳама, муноқишаи тӯлонӣ дар ҳамсоягии наздики он хотима меёбад ва дар минтақа сулҳу субот ҷорӣ мешавад. Ғайр аз ин, барои Россия роҳҳои заминӣ ба Туркия, Аврупо ва Арманистон боз мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои иқтисодии Федератсияи Россия дар минтақа васеъ шаванд. Саввум, ин барои Арманистон аҳамияти таърихӣ дорад, ки ба туфайли сиёсати таҷовузкорона дар 30 соли охир аз тамоми лоиҳаҳои минтақавӣ ҷудо буд ва дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Иҷрои дақиқи изҳороти сеҷонибаи рӯзи 10 ноябр имзошуда ба Арманистон барои ҳамкориҳои нави иқтисодӣ имконият фароҳам меорад.
Мо бошад, метавонем қайд кунем, ки баровардани минтақа аз бумбасти коммуникатсионӣ мутобиқи воқеияти нави аз ҷониби Озарбойҷон ба вуҷудомада, заминаи сулҳ, амният, субот, шукуфоӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро фароҳам меорад, ки маънои ҷалби сармоя ва рушди устуворро дорад. Лоиҳаҳои таҳияшудаи коммуникатсионӣ харитаи ояндаи нақлиётӣ ва энергетикии минтақа, иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар муҳимоти меъмории онро дар маҷмӯъ ташкил медиҳанд.
Аз замони ба даст овардани истиқлолият Озарбойҷон тамоми душвориҳоро паси сар намуда, роҳи дурусти рушди устуворро муайян кард. Кишвар мавқеи худро дар минтақа ва ҷаҳон тақвият бахшида, дар соҳаи иқтисод ва сиёсат босуръат рушд карда истодааст. Озарбойҷон як давлати муҳим, дар бисёр ҳолатҳо кишвари ҳалкунандаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар минтақаи Қафқоз буда, дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиёт нақши махсус дорад. Захираҳои бойи табиии Озарбойҷон онро як манбаи муҳими энергетикаи байналмилалӣ ва ҷузъи муҳими шабакаи байналмилалии таъминоти энергия мегардонанд. Намунаи барҷастаи ҳамкории кишварҳои минтақавӣ ин рушди долонҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмони лӯлаҳои нафту гази дорои аҳамияти байналмилалӣ ва саҳми бештар дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва кишварҳои шарик мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон низ бо Озарбойҷон дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт, алахусус дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ фаъолона ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ сол аз сол рушд карда истодааст. Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ ва истифодаи имкониятҳои транзитии Озарбойҷон қисми асосии робитаҳои иқтисодӣ мебошанд. Хатсайри асосии боркашонии маҳсулоти Тоҷикистон бошад тариқи долони Моварои Қафқоз сурат мегирад.
Ҳамин тариқ, мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Озарбойҷон барои худ ва ҳамсоягонаш як давраи имкониятҳои нав ва дурнамои глобалии ҳамкориҳои байналмилалиро боз кард. Ва яке аз мавзӯъҳои муҳим дар байни онҳо масъалаи эҷоди транзити нави коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нави оҳан, шоҳроҳҳо ва долонҳои нақлиётӣ мебошад.