Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосими Раҳбар мегӯяд, тарафдори вуҷуд доштани танурҳои нонпазӣ дар назди биноҳои баландошёна аст, вале бояд талаботи гигиенӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҳатман риоя карда шаванд.
Ӯ гуфт, се сол қабл дар шаҳри Хуҷанд чунин пешниҳод ҳам шуда буд, ки дар маҳалҳо ва ҳатто дар мактабҳои миёна танурҳои замонавӣ насб шуда, дар оянда кадбонуҳо тайёр кунанд.
Номбурда имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз дошт, ки барои насби танӯрҳо ягон монеа вуҷуд надорад.
— Ангораи танӯрҳои маҳаллӣ вобаста ба шакли хона ва маҳаллаҳо бо риояи гигиена, дудбаро ва ғайра дар Кумитаи сохтмон ва меъморӣ вуҷуд дорад. Агар ташаббус нишон дода, ҷой ҷудо карда шавад, он дар сатҳи маҳал бояд амалӣ карда шавад. Ман ин чизро дастгирӣ мекунам ва дар ягон ҷой монеагии сахт надидам. Ҳангоми сохтани майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна барои танӯр ҳам ҷой бояд ба назар гирифта шавад. Танӯр дар маҳалҳо, хусусан ба мардуми тоҷик зарур аст, — гуфт Қосими Раҳбар.