Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вуҷуди таҳияи либоси ягонаро барои занон дар кишвар рад карда гуфт, вазорат танҳо китоб дар бораи навъҳои гуногуни либоси миллиро ба шаҳрвандон пешниҳоди кардан мехоҳад, аммо шаҳрванд дар интихоби он озод аст.

Вазири фарҳанги кишвар Орумбекзода дар нишасти матбуотии вазорат аз хабарнигорон хост, то ибораи “либоси ягона”-ро дигар истифода накунанд.

— Бо назардошти баланд бардоштани маърифати либоспӯшии мардум навъҳои гуногуни либосҳои миллиро дар як китоб ҷамъ овардаем ва ба мардум пешниҳод мекунем. Ин китоб маҷбурӣ нест, тавсиявӣ аст ва шахс дар интихоби либос озод мебошад. Китоб тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба театр ворид шудан кадом либосро ба бар кунанд? Масалан, бонувони мо зимни ширкат дар чорабинии Наврӯз либоси атлас пӯшанд. Ин ҳам ифтихори миллӣ аст, ҳам зебоии чорабинӣ, аммо ҳарфҳое, ки либос ҳатмӣ мешавад, нодурустанд. Дар кӯчаву бозор ҳама навъҳо пешниҳод мегарданд, вале интихобро худи бонувон мекунанд, — иброз дошт вазир.

Ба ақидаи Орумбекзода, дар ин китоб барои мардон низ либос муайян гардидааст, ки ҷавонмардон метавонанд ба ҳамон монанд барои худ либос интихоб кунанд.

— Ҳадафи асосӣ кам кардани маҳсулоти зиёди воридшаванда аз беруни кишвар аст, ки ба ҷисму рӯҳ ва маърифати мо халал мерасонанд. Шумо ҷонибдори сатрпӯшӣ ҳастед, ё либосҳои сунъие, ки боиси афзоиши маризии гуногун дар кишвар шудаанд? — суол гузошт Орумбекзода.

Вазир дар мавриди либоспӯшии мардон бо изҳори таассуф гуфт, ки “бархеҳо маърифати либоспӯширо намедонанд ва бо галстук ба варзишгоҳ мераванду ҳатто баъзе кормандон ба маҷлиси вазорат бо “бриджа” ҳозир мешаванд.

Вазир аз он изҳори хушнудӣ кард, ки чораҳои фаҳмондадиҳӣ самар додаанд ва дар ин нишасти матбуотӣ, назар ба нишастҳои қаблӣ бонувони сатрпӯшро намебинад.

Он замон Орумбекзода бо ишора ба хабарнигори сатрпӯше, ки бо ҷумлаи бонувони хабарнигор, пас аз анҷоми нишаст ба назди вазир рафта, мехостанд вобаста ба иқдоми манъи сатр посухи васеътар бигиранд, гуфт: “Сатр воқеан хатар дорад, кас бо ташвиш ва шубҳа ба сатрпӯшон менигарад. Худо накунад, дар зери сатру чодарашон ягон чиз пинҳон карда бошанд. Масалан, ман аз ин бонуи зебое, ки дар наздамон аст, ҳарос мекунам. Илова бар ин, дар шароити иқлими гарми мо, вақте баъзе бонуҳо сатр ба бар мекунанд, аксар вақт дар барашон нишастан дар нақлиёти ҷамъиятӣ имкон надорад ”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here