Дар мачмуъ, дар чумҳурӣ 88 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 318 қаср, коҳ ва хонаи фарҳанг, 409 клуб, 42 клуби сайёр, 18 маркази фархангӣ-фароғатӣ, 22 театри халқӣ ва 7 филармонияи халқӣ фаъолият доранд. Дар ин бора вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин дар нишасти матбуотии ниҳодаш зикр кард.

Ба гуфтаи ӯ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то моҳи сентябри соли 2019 боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Зафаробод ва Ховалинг аз нав таҷдид гардида, барқароркунии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Норак, Темурмалик ва Файзобод давоми соли 2020 ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин, барои бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ санги асос гузошта, корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст.

Вазир гуфт, ки бо дастгирии як соҳибкори маҳаллӣ боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Назарови ноҳияи Спитамен ба маблағи  20 ҳазор сомонӣ панҷарабандӣ гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here