Дар ширкати Tcell мулоқоти масъулин ва роҳбарон бо Дилафрӯз Каримова, муаллимаи забони англисӣ аз литсейи риёзии №1-и шаҳри Хуҷанд, ки моҳи равон унвони олии «Муаллими соли Тоҷикистон — 2019»-ро сазовор гардида буд, баргузор шуд.

Фирдавс Маъсумов, директори бахши Tcell дар вилояти Суғд, омӯзгори беҳтарини соли 2019 дар кишвар-Дилафрӯз Каримова ва сардори Раёсати маорифи минтақа Каримзод Осим Қосимиро бо ба даст овардани ин мукофоти олӣ табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, онҳо муштариёни ифтихории Tcell эълон шуданд ва дар тӯли соли 2020 аз иртиботу интернети ройгони ширкат истифода хоҳанд бурд.

Марҳилаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон — 2019» рӯзи 18 январ баргузор шуд ва аз рӯи натиҷаҳои Дилафрӯз Каримова мақоми аввалро соҳиб гашт.

Барои ширкати Tcell дастгирии бахши омӯзишу парвариш (маориф) аз зумраи масъулиятҳои иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, мавқеъи муҳимро ишғол менамояд, зеро таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонони бомаърифат- кафили пешрафти миллат ва давлат мебошад. Ширкати Тсеll навовару ҳамқадами замон буда, зарурияти такмили усулҳои ҷадиди таълим, инчунин тақвияти малакаҳои амалиро, ки дар солҳои оянда бозоргир хоҳанд буд, хеле хуб дарк мекунад. Маҳз ҳамин гуна устодон амсоли Дилафрӯз Каримова ҳастанд, ки рисолати аслии худро дар ҷомеъа пайдо кардаанд ва ояндаи мову кишвари моро муайян месозанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here