Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 7-уми ноябр бо дастаи мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона мегузаронад. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубайи АМА баргузор хоҳанд шуд.

Ба ҳамин далел сарумурббии даста мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев омодагиро ба ин бозиҳои дӯстона ин ҳафта дар Душанбе оғоз кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тҷикистон ин бозигарон даъват шудаанд:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизатгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Ӯзбакистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Памир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбакистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Амирбек Ҷурабоев, Мухаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев (ДМАМ), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз «Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Памир»).

Сармураббӣ: Усмон Тошев.

Бо далели ҳамагир шудани коронавирус бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми интихобии Чепионати ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли дигар гузаронида шуданд. Соли оянда дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Муғулистон ва Мянмар бозӣ хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here