Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки шоми сешанбе барои як бозии дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон ба Тошканд рафт, дар майдони Академияи «Бунёдкор» тамрин баргузор кард.
Ҳимоятгари дастаи «Бунёдкор»-и Ӯзбекистон Давронҷон Эргашев дар Тошканд ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон пайваст. Ҳамин тавр, дастаи Тоҷикистон бо тамоми ҳайат ба бозӣ омодагӣ мегирад. ФФТ хабар медиҳад, ки имрӯз, 2-юуми сентябр, шогирдони Усмон Тошев як машқи пеш аз бозӣ баргузор мекунанд.
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив» дар Тошканд баргузор мешавад, ки оғози он соати 19:00 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Ӯзбекистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Кирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарифов («Хатлон») Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиклол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ: Усмон Тошев (Бухоро, Ӯзбекистон)