Бозии ифтитоҳии марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО миёни ду клуби Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро ҳайати доварон аз кишвари Кувайт ҳакамӣ мекунанд.
Аҳмад Ал-Алӣ довари 35-солаи FIFA аз Кувайт довари асосии дидор интихоб шудааст. Ба ӯ аз канорҳои майдон ҳамватанонаш Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ ёрӣ мекунанд. Довари чорум низ аз Кувайт — Умар Ашконанӣ интихоб шудааст.
Кори гурӯҳи доварони кувайтиро дар ҷараёни 90 дақиқаи дидор Махюб Содиқ аз Фаластин назорат мекунад. Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз АМА ба сифати комиссари ин бозӣ баргузида шудааст.
Интизор меравад, ки ин рақобат рӯзи чаҳоршанбе, 11-уми март, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат бигирад.
Зимнан, қайд кардан зарур аст, ки бозии дастаҳои «Дордой» ва «Олтин Асир», ду дастаи дигари ҳамин гуруҳ, бинобар зуҳури коронавирус ба вақти номуайян ба тавқиф андохта шуд
Бахтиёр Ҳакимов