Дирӯз бозии аввали марҳилаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои намояндаи Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» баргузор шуд.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бе ширкати тамошобинону мухлисон гузашт, зеро бо далели хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон чунин тадбир андешида шудааст. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Ҳарду голро Манучеҳр Ҷалилов зад, ки яке аз пеналтӣ буд.
Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Истиқлол» соҳиби се имтиёз шуда, дар гурӯҳи «D» пешсаф гардид.
Вохӯрии дигар дар ҳамин гуруҳ бо ширкати дастаҳои «Дордой» (Қирғизистон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон) ба далели хуруҷи коронавирус ба вақти дигар гузаронида шуд.
Дар даври дуюм, 15-уми апрел, дастаи «Истиқлол» дар сафар бо дастаи «Олтин Асир» бозӣ бояд кунад, «Хуҷанд» бояд дар майдони худаш «Дордой»-ро қабул мекунад, аммо баргузории ин вохӯриҳо ҳам ҳоло зери суол аст.
Ҷоми КФО-2020
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0.
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналтӣ (2:0).