Дар яке аз мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ, омӯзгоре аз ҳуш рафт, вале пас аз чандин маротибаи муроҷиат аз ҷониби омӯзгорон ба бунгоҳи тиббии деҳа, касе ба додашон нарасид ва онҳо маҷбур шуданд, худ ба ёрии таъҷилии шаҳрӣ муроҷиат карда, беморро ба беморхона расонанд.  

Ин субҳ тақрибан соати 9:30, дар мактаби №72-и деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгори фанҳои ибтидоӣ Сабоҳат Фозилова ҳолаш бад шуда, ҳангоми дарс аз ҳуш меравад. Омӯзгорони деҳаи мазкур бо мо дар тамос шуда, гуфтанд, ки чандин маротиба ба бунгоҳи тиббии деҳа муроҷиат карданд, вале касе ба додашон нарасидааст. Яке аз омӯзгорон дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт: “Мо чандин маротиба ба бунгоҳи тиббии деҳа рафтем ва аз табибон хоҳиш кардем, ки ба муаллима ёрии аввалин расонанд, вале “мо намеравем, ба ёрии таъҷилии шаҳрӣ занг занед” гуфтанд. Ин дар ҳолест, ки муаллима қариб муддати якуним-ду соат ба худ наомада буду беморхона аз мактаб танҳо дар масофаи 100 метр воқеъ аст”.

Ба гуфтаи омӯзгорони ин мактаб, онҳо пас аз ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардан, беморро ба бемористони “Қарияи боло”-и Душанбе бурдаанд. Ба гуфтаи табибон омӯзгор аз фишори баланд ба сактаи қалбӣ гирифтор шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here