Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим рӯзи 15-уми сентябр, дар меҳмонхонаи Шератон озмуни рӯзноманигоронро дар мавзӯи бемории сил ҷамъбаст ва ғолибонро муайян намуданд.
Ба озмун барои беҳтарин маводи журналистӣ, ки бо дастгирии Ташкилоти ЮСАИД давоми як соли ахир миёни рӯзноманигорон эълон гардида буд, беш аз 50 намояндаи ВАО маводи худро дар мавзӯи бемории сил пешниҳод намуда буданд.
Ҳайати ҳакамони озмун иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ВАО ва силшиносон маводҳои воридшударо дар бахшҳои расонаҳои чопӣ, интернетӣ ва радиову телевизион баҳогузорӣ карданд.
Рӯзноманигорони зерин бо пешниҳоди маводи беҳтарин ғолибиятро ба даст оварда, аз ҷониби Ташкилоти USAID барои ҷои аввал “Ноутбук”, ҷои дуюм -“Планшет” ва ҷои сеюм телефони мобилии навъи “Самсунг” қадрдонӣ карда шуданд:
Расонаҳои чопӣ: Беҳрӯз Холмуродов — рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Маҳинаи Давлат — нашрияи “Оила”, Шамсулло Фозилов -ҳафтаномаи “Фараж”;
ВАО-и электронӣ: Сафаралӣ Урунбоев — сомонаи интернетии «Ҳаёти солим», Лайло Тоирӣ -АМИТ «Ховар», Аҳлиддин Салимов -нашрияи интернетии «Фараж», Фармон Ҷӯрақулов -сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Радио ва ТВ: Мӯсо Абдуқаҳҳоров — Муассисаии давлатии «Ҷаҳоннамо», Ширинҷон Сафарзода- телевизиони «Сафина», Зулфия Раҳимзода-телевизиони “Тоҷикистон”;
Ёдовар мешавем, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон барои панҷ (2014- 2019) сол пешбинӣ шудааст, ки маблағи 13.2 миллион долларро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии ин барнома коҳиш додани сатҳи паҳншавии бемории сил мебошад. Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла омӯзиши кормандони тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати пурраи бемории силро фаро мегирад.
Айни замон, кӯмакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион доллар дар як солро ташкил мекунанд, ки 30 % он ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.
Шамсулло Фозилов