Рӯзномаи “Овози тоҷик” аз 24 августи соли 1924 то кунун мунашир гардида, имрӯз дар ВАО Ӯзбекистон ҳамчун рӯзномаи Маҷлиси олии Девони вазирони Ӯзбекистон сабти ном шудааст.

Журналисти тоҷиктабори Ӯзбекистон, корманди рӯзномаи “Овози тоҷик” Мирасрор Фарғонӣ, дар як вохӯрияш санаи 6 майи соли 2019 бо донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ аз вазъияти ногувори обунашавии мардум ба рӯзнома изҳори нигаронӣ карда буд.

– Рӯзномаи “Овози тоҷик” имрӯзҳо  бо сабаби ночиз будани миқдори обуначиён ба вазъи ногувор дучор шудааст. Бо вуҷуди ин ҳайати эҷодии рӯзнома кӯшиш мекунанд, ки “Овози тоҷик”-ро бо беҳтарин шакл пешниҳоди халқ гардонанд, – изҳор намуда буд Мирасрор Фарғонӣ зимни ин вохӯриаш.

Дар ҳамин ҳол, 31 декабри соли 2019 ҳайати эҷодии рӯзномаи “Овози тоҷик” бо унвони “Нагузоред, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” пӯшида шавад” муроҷиатномае нашр карда, аз муҳассилину омӯзгорон, соҳибкорону мансабдорон, шоирону нависандагон ва ҷоннисорони забону фарҳанги тоҷик хостаанд, ки ба вазъи молиявии рӯзнома ёрии худро расонанд.

– Мо намехостем дар ин шароити вазнин ва тақдирсоз ба Шумо муроҷиат намоем, аммо, бо баҳонаи обуна ихтиёрист, на маҷбӯрӣ, хавфи пӯшида шудани ёдгори абармардони сухан, минбари мову Шумо (ишора ба тоҷикон – Faraj.tj) – рӯзномаи наваду панҷсолаи “Овози тоҷик” ба миён омадааст, – зикр гардидааст дар муроҷиатнома. – Бино ба маълумоти дастрасшуда, барои соли 2020 ба рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳамагӣ 680 нусха обуна шудаанд, аксарияти он ҳам барои моҳ… Агар дастгирӣ нашавад, “Овози тоҷик” соли 2020-ро бо 140 нусха ҷамъбаст мекунад, ки ин маънои баста шудани рӯзномаро дорад.

– Дар вилоятҳои Андиҷону Хоразм, ки тоҷикон ангуштшуморанд, мардум бештар обуна шудаанд, вале дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро, ки аксаран тоҷиконанд, обуна хеле кам аст, – омадааст дар идомаи муроҷиатнома.

Пахши ин муроҷиатнома дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук  вокуниши амиқи тоҷикони гӯшаҳои гуногуни оламро ба миён овард.

Корманди радиои Тоҷикистон Фирдавси Низом дар саҳифаи худ навишт, ки бо гузашти чанд рӯз ягон расонаи ватанӣ ба ин қазия таваҷҷуҳ накард.

– Ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва ҳар шаҳрванд дар ин самт бояд тамоми талошро кунанд. Роҳҳои дипломати низ истисно нест. Чун Ҳукумати Тоҷикистон рӯзномаи “Халқ овози”-ро на танҳо сарпарастӣ, балки ба сифати яке аз рӯзномаҳои расмӣ эътироф кардааст. Чаро Ҳукумати Ӯзбекистон тақдири “Овози тоҷик”-ро ба обуначиён ҳавола кардааст? – суол гузоштааст Фирдавси Низом дар идомаи матлабаш.

Мирасрори Фарғонӣ посух дод, ки “Бародар, ин нашрияи ҳукуматист ва онро ҳукумат ҳар сол пуштибонии молӣ мекунад. Танҳо бо он пуле, ки аз обуначиён гирд оварда мешуд, идомаи нашри он имконнопазир аст”.

Баъди нашри ин муроҷиатнома тоҷикони гӯшаҳои гуногун масъулияти обунашавии умумии шаҳрвандонро ба зимма гирифтанд. Дар робита ба ин Мирасрори Фарғонӣ аз ташаббуси Насибҷони Амонӣ, ки дар Алмаато зиндагӣ мекард, барои мусоидаташ ба обунашавии панҷ мактаби тоҷикии Ангрен, хабар додааст.

Адибони тоҷик Додохони  Эгамзод ва Исмоил Зарифӣ низ барои обунашавии мардум ба “Овози тоҷик” муроҷиатномаҳо кардаанд.

Додохони Эгамзод бо нашри як муроҷиатнома аз Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хоҳиш кардааст, то ба беҳбудии вазъи молиявии “Овози тоҷик” мусоидат кунад.

Дар робита ба ин вебгоҳи Farfj.tj барои тоҷикистониёне, ки мехоҳанд ба “Овози тоҷик” обуна шаванд, тавсия медиҳад, ки ба Мирасрор Асроров, хабарнигори узбекистонии ҳафтаномаи “Фараж”, муроҷиат кунанд.

Добавить комментарий