Шуруъ аз зуҳри 20-уми март дари масҷидҳо барои намозгузорон боз мешавад. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Афшин Муқим хабар дод. Афшин Муқим дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст:

“Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки баъди анҷом додани корҳои профилактикӣ дар иттиҳодияҳои динии кишвар шурӯъ аз пагоҳ, 20-уми март, баргузории ибодатҳои дастаҷамъона ба роҳ монда мешавад. Аз ҳамаи сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ба мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус, дар рафти баргузории намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои умумии беҳдоштӣ қатъиян аҳамияти ҷиддӣ диҳанд”.

Қаблан, сар аз таърихи 4-уми март дари масҷидҳо ба таври мувақатӣ баста гардида буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here