Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар қатори дигар ҷоизаву мукофотҳои соҳавӣ «Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев»-ро барои беҳтарин нашрияи маҳаллӣ таъсис дод. Ин тасмим имрӯз дар конфронси бахшида ба 80-солагии устоди марҳуми ДМТ, профессор Асаддуло Саъдуллоев эълон гардид.
Имрӯз дар Академияи воситаҳои ахбори омма ҳамоиши ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Нақши публисистика дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба 80-солагии профессор Асадулло Саъдуллоев баргузор гардид.
Чорабинӣ бо гузориши муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз гардид. Саломиён аз саҳмгузорӣ дар пешрафти журналистикаву публитсистика ва тадқиқу ҷустуҷӯҳои Асадулло Саъдуллоев сухан ронда, иброз дошт, ки «журналистикаи имрӯзи тоҷикро бе номи профессор Асадулло Саъдуллоев тасаввур кардан ғайриимкон аст».
Баъд аз он муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода, профессорон Мурод Муродӣ, Ҷовид Муқим, дотсентон Сангин Гулов ва Бахтиёр Қутбиддинов суханронӣ карданд.
Ҳамчунин духтари ягонаи профессор Саъдуллоев — Рухшона Саъдуллоева иштирок ва суханронӣ кард.
Дар рафти ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистон Зинатулло Исмоилзода таъкид кард, дар чорабинии мазкур зиёда аз 25 маърӯза пешниҳод шуданд, ки ҳамаи он дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ шуда пешниҳоди хонандагон мегарданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамоиш бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ва Иттифоқи журналистон баргузор гардид.
Меҳрофарин Начевуллоев