Дар рӯзҳои охир чанд ҳодисаи нохуш, аз қабили садамаи нақлиётӣ, дуздӣ, авдошӣ ва одамкушӣ, ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Рӯзи 24-уми марти соли 2021, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Розиқов Латиф Надирович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо чархи тарафи чапи ақиби автомашинааш пиёдагарди хурдсол, (наберааш) Латифзода Меҳрона Музаффар, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Латифзода М.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-сола, ки қаблан 2-маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва зани 48-солаи сокинони пойтахт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудаанд. Номбурдаҳо 24-уми марти соли 2021, тахминан соати 08:00, дар кӯчаи Н. Муҳаммад дар ҳолати мастӣ бо марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе даъво ва ӯро латукӯб кардаанд. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here