Имконоте, ки бо онҳо метавон коронавирусро маҳв сохт, дар ҳар хонавода ҳаст. Дар саҳифаи инстаграми сомонаи vesti 24 наворе гузоштанд, ки аз хусуси нест кардани вирус дар либос ва сатҳи хона нақл мекунад.
Доктории илмҳои тиб Дмитрий Еделев гуфтааст, хокаи ҷомашӯйӣ аз вирус эмин дошта наметавонад. Ҳарорати обе, ки бо он ҷомашӯйӣ мекунанд, агар аз 60 дараҷаи Селсий боло бошад, вирусро кушта метавонад.
— Воситаҳои хлордори шустагарӣ низ вирусро нобуд месозанд. Либосҳои тозаро дарзмол ва ё бо генератори буғӣ коркард кардан эҳтимолияти зинда мондани вирусро кам мекунад. Сатҳи хонаро бо маҳлули хлор тоза кардан дар шароити ҳар хона ҳаст, — фаҳмондааст дар навор мутахасис.