Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии даъвати панҷум Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд, ки мувофиқи он синни номзад ба президенти Тоҷикистон аз 35 ба 30 поён бурда шуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ Абдуғаффор Раҳмонзода баромад намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А., Раҳмонзода А. ва Шарофидинова М. бо мақсади аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here