Паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон Саидҷалол Саидов, ки дар Бозиҳои Осиё-2018 дар намуди кураш кишвари моро намояндагӣ мекард, дар даври аввал ба нокомӣ дучор шуд.

Саидови 27-сола дар вазни 90 кг боло дар рақобат бо ҳарифи 23-солаи худ аз Тайбэйи Чин Лӣ Пойен шикаст хӯрд. Ҳисоби набард бо натиҷаи 10:0 бар нафъи ҳарифи Саидҷалол Саидов ба қайд гирифта шуд.

Фардо Акмал Муродов дар вазни -81 кг бар муқобили варзишгари Вйетнам Буи Мин Гуан майдондорӣ хоҳад кард. Беҳрӯз Хоҷазода низ фардо дар ин вазн дар даври 1\16 ба майдон мебарояд. Ҳарифи ӯ дар давоми мусобиқаҳои имрӯз маълум хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here