Дар 6 моҳи соли равон 267 нафар сокини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ барои истифодаи нодурусти замин ва ғасби худсаронаи он ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Раиси кумитаи Идораи замини ноҳияи мазкур Маҳмадшариф Холов  гуфт, майдони умумии заминҳои ошкоршуда 350 гегтаро ташкил медиҳад, ки аз он 255 гегтараш заминҳои корами обӣ мебошанд.

Ҳамчунин, манбаъ зикр кард, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ 19 мавод ба суд ва 9 маводи дигар ба прокуратураи ноҳияи фиристода шудааст.

— Мо аз он нигаронем, ки рӯз аз рӯз шумораи қонуншиканӣ дар самти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳоли афзоиш аст, — илова кард ӯ.

Баҳри пешгирӣ аз ғасби худсаронаи замин ва истифодаи нодурусти он аз тарафи кормандони кумитаи Идораи замини ноҳия ва дигар сохторҳои марбута миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here