Дар шаҳри Турсунзода ноболиғе, ки ҳамёни мардумро мезаду телефони мобилиашонро ба яғмо мебурд, дастгир карда шуд. Ӯ ба дуздии худ дар чанд ҳолат иқрор шудааст.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Ҷовидони шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки рӯзи 30-юми сентябри соли 2017, ҳангоми дар маҷмааи варзишии “Самандар-21”, воқеъ дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 126-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-А5”, ҷамъ ба маблағи 2 ҳазору 576-сомониро дуздидаанд. Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти умумӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Зимни тафтиш муайян гардид, ки ноболиғи мазкур бо ҳамин роҳ аз ҷайби марди 31-солаи сокини деҳаи Пахтабойи ҳамин шаҳр, 400-сомонӣ, 3-адад корти “Амонатбонк” ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 700-сомониро низ дуздидааст. Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Боз як дуздии дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст, ки ҷинояткор зан аст. Ба ШВКД-и ин ноҳия зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 17:10, ҳангоми дар заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “З.Каримов” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳамёнаш 2 ҳазору 404 сомониро дуздидаанд. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here