Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ Душанбе» нишасти матбуотии пеш вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 бо иштироки сармураббӣ ва намояндаи дастаҳои «Эйр Форс» (Ироқ) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор шуд.

Нахуст сармураббии клуби «Эйр Форс» ба саволи хабарнигорон ҷавоб гуфт. Вай аз сатҳи пазироӣ хушнудӣ карда гуфт, ки айни ҳол мушкилии асосӣ одат кардан ба майдони сабзааш сунъӣ аст, зеро шогирдонаш дар Ироқ ҳамеша дар майдонҳои сабзаи табиӣ машқ кардаанд. Вай дар идома гуфт, ки аз сатҳи бозии «Истиқлол» бохабар аст, новобаста аз ин мақсади асосии даста ҳифзи унвон ва дубора ба даст овардани Ҷоми КФО аст.

Сармураббии клуби «Истиқлол» Муҳсин Муҳаммадиев хушҳол ба назар менамуд. Ӯ ба саволҳо бо хушнудӣ ва каме зарофат ҷавоб мегуфт ва ҳатто дар лаҳзаи акси дастаҷамъӣ дар назди Ҷом вай ҷомро ба оғуш гирифт. Дар ҷавоби ин амали ӯ сармураббии «Эйр Форс» низ аз ҷониби дигар даст бар «камари» Ҷом бурд ва бо ин гуфтанӣ шуд, ки аз они ӯст.

Муҳаммадиев аз омодагии ҳамаҷонибаи даста хабар дод ва гуфт, ки ҳеч гоҳ ягон дастаеро ба чашми кам намебинад. Оид ба тавоноиву заифии дастаҳо сармураббӣ чизе гуфтан нахост ва илова кард, ин фардо дар майдон маълум хоҳад шуд.

Дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошич аз мухлисон даъват кард, ки фардо дар Варзишгоҳи марказӣ барои дастгирии ӯву ҳамдастаҳояш оянд, умедвор аст, ки онҳоро хушнуд хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, дар нишаст аз хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, аз Тоҷикистону Ӯзбекистон гирифта то Ироқу Арабистон, саволҳои бешумор ба намояндаҳои дастаҳо дода шуд ва ҷавобҳои мукаммал ҳам гирифта шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here