Имрӯз бо дархости Амрико нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳаввулоти ахири Эрон ва чигунагии бархӯрди ҳукумати Теҳрон бо тазоҳургарон баргузор мешавад.
Дар ин бора расонаи руси ТААС дар такя ба як гузориши France-Presse хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сухангӯи раиси давраии Шӯрои амният таъйид кардааст, ки нишасти рӯзи ҷумъа ба масъалаи эътирозҳо дар Эрон ихтисос дода мешавад. Тибқи ин гузориш, бо вуҷуди ин ки Амрико хостори баргузории ин нишаст шудааст, аммо аъзои Шӯрои амният эҳтимолан метавонанд барои пардохтан ба ин масъала раъйгирӣ кунанд, ки дар ин сурат барои баргузории ин нишаст, ба 9 раъй аз 15 узви Шӯрои амният ниёз аст.
Давоми ҳашт рӯз мешавад, ки Теҳрон ва 90 шаҳри дигар шоҳиди эътирозҳо алайҳи ҳукумат ва вазъияти иқтисодӣ буданд. Дар ин эътирозҳо то ба ҳол 22 нафар кушта шуда, беш аз ҳазор нафар аз эътирозгарон боздошт шудаанд. Никки Ҳейли, сафири Амрико дар СММ рӯзи сешанбе дархост кард, ки нишасти Шӯрои Амният баргузор шавад: «Ҷаҳон набояд сукут кунад, дар ҳоле ки мардуми Эрон фарёди озодӣ сар медиҳад».
Дар ҳаминҳол, Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи доимии Эрон дар СММ низ бо ирсоли нома ба дабири кулли СММ ва мақомҳои дигари ин созмон аз ончи «дахолати ошкори Вашингтон дар умури дохилии Эрон» номид, шикоят кардааст. Ӯ дар ин нома навиштааст, ки Доналд Трамп ва муовини ӯ «шахсан дар ҳоли эҷоди ошӯб дар Эрон ҳастанд».
Муовини президенти Амрико рӯзи 3-юми январ хитоб ба ҷавонони эътирозгар дар Эрон гуфт, ки дар талоши худ барои ба даст овардани озодӣ ва демократия Амрикоро «муттаҳиди табиӣ»-и худ бидонанд ва эълом кард, ки Амрико омода аст, то барои пуштибонии эътирозгарон вориди амал шавад ва дар ин росто «ҳама фишангҳои иқтисодӣ»-и худро алайҳи ҳукумати Эрон ба кор хоҳад бурд.