Як ҳавопаймои “АН-28”-и ширкати “Тоҷик Эйр” дар фурудгоҳи Хоруғ нишасти изтирорӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймо пас аз чанд дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи ҳамин шаҳр маҷбур шудааст, ки дубора ба замин нишинанд.

Хабаргузории «Авесто» дар такя ба гуфтаи сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Хайруллоев иллати нишасти изтирории ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғро нуқсони техникии яке аз муҳаррикҳои он навиштааст. Хайруллоев гуфтааст, ки ин ҳавопаймо бо 25 мусофир пас аз бархестан аз фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба мақсади шаҳри Душанбе, дучори нуқси техкикӣ шуд. Мусофирони ин ҳавопаймо бо ҳамкории ширкати “Тоҷик Эйр” бо чархбол ба Душанбе интиқол дода шудаанд.

Қаблан низ мудирияти ширкати “Тоҷик Эйр” иллати қатъи парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе ба Хоруғро мушкилоти техникӣ дар ҳавопаймои “АН-28” эълон карда буд, ки ниёз ба таъмири асосӣ доштааст.

Шаҳри Хоруғ дар баландии 2200 метрии сатҳи баҳр воқеъ шудааст ва ба далели вуҷуди кӯҳҳои баланд дар масири Душанбе ба ин минтақа танҳо ҳавопаймоҳои “Як-40” ва “АН-28” метавонанд парвоз кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here